Кӯлвору ҷомадон,
Хаймаҳо дар даштҳо, дар кӯҳҳо,
Раҳ ба раҳ васлу ҷудоӣ,
Раҳ ба раҳ мушкилкушоӣ.
Раҳ ба раҳ шеъру тарона,
Раҳ ба раҳ садҳо нишона –
Сад нишонҳо аз ҷавонӣ,
Достонҳо аз ҷавонӣ.
Ман шуморо мешиносам,
Дар замине ки қадам бигзоштед,
Дона не, гӯё ҷавонӣ коштед.
Танбараҳна дар тамуз,
Рӯйҳо афтобхурда,
Дастҳо пуробила,
Рехт ҳар ҷое арақҳои ҷабин,
Боғҳо сабзид дар рӯи замин.
Зиндагонӣ имтиҳонгоҳи шумост.
Ҳар ваҷаб хоки Ватан,
Ҳар қадам роҳи Замин,
Ҳар нафас дар гардиши вақт,
Ҳар гуле дар бӯстонҳо,
Ҳар сухан дар достонҳо
Аз ҷавонитон гувост.
З-орзуҳои ҷавонӣ
Шуд ҷавонтар зиндагонию Замин,
З-орзуҳои ҷавонӣ
Шуд ҷавон ҳам осмону ҳам замин,
З-орзуҳои ҷавонии Гагарин будааст
Азми парвози нахустин...
Эй паровар дӯстон – ҳамсолу ҳамболони ман,
Бинам андар дарсхона вақти тадрис,
Бинам андар кӯҳҳо дар ҷустуҷӯи маъдане,
Бинам андар дастгоҳе вақти кор,
Бинам андармони сад фикру хаёл,
Бинам андар раҳ пиёда ё савори мошине,
Ҳар куҷо бинам шуморо,
Гӯиё ки мепареду мепаред...
Мепаред аз ҳол то фардои хеш,
То биёбед аз ҷаҳон дунёи хеш.
Мепаред аз хеш то қутби камол,
Мепаред аз хеш то қутби мурод,
Боли шавқу орзутон дар ҳаёт
Ҳеҷ аз парвоз осуда мабод!
Боли парвози Гагарин бо шумост,
Боли эъҷози Гагарин бо шумост.
25.4.1974
* * *
Ман аз як санг бинам кӯҳсорон,
Ман аз як гул бубинам бӯстонҳо.
Зи байти нобадеъ, аммо бамаънӣ
Бубинам ибтидои достонҳо.
Ман аз як чашма бинам баҳрҳоро,
Ман аз як дона бинам хирманеро.
Ман аз як чӯбаи гӯгирд бинам
Фурӯзон сад ҳазорон гулханеро.
Ман аз як ханда хонам ҳолати кас,
Бисоти дил, бисоти рӯзгораш.
Ман аз сабки қадаммониш донам
Зи кишту ҳосилаш, аз ёдгораш.
Бубинам аз тамоми ҷузви атроф
Сафои зиндагии хештанро.
Ман аз ҳар сабзаи шодоб ёбам
Шукӯҳи сарзаминҳои Ватанро.
Маро андар Ватан то ҳастаму ҳаст
Зи сад хирвор мисқоле басандаст.
Сари пур аз хаёлу орзуҳо,
Дили аз ранҷу ғам холӣ басандаст.
8.6.1974
* * *
Ки раҳаш печутобҳо дорад.
Бо ҳама ростиву ҳамворӣ
Бас фиреби саробҳо дорад.
Оқибат мерасам ба он мақсад,
Ки аз ӯ дар дили ман оташҳост.
Чӣ такопӯ, чи рангбозиҳо,
Чи задухурд, чи кашокашҳост.
Оқибат мерасам ба он кӯе,
Ки ту гӯӣ ҳаволагоҳи ман аст.
Ҳар чие нест, ҳаст дар дили ман,
Рӯҳи ман, роҳи ман, рафоҳи ман аст.
Оқибат мерасам ба он ёре,
Ки аз ӯ як нигоҳи гарм бас аст.
Домани ӯст баски домани уфқ,
Дастнорас, валек чашмрас аст.
Оқибат мерасам ба он қулла –
Қуллаи бахт, қуллаи уммед.
Дар ҷаҳон то даме, ки ҳастам ман,
Ҳастии хешро кунам таъкид...
15.6.1974
* * *
Баччагиям бекасу танҳо гузашт,
Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт,
Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт.
Дар сари санге ҳама рӯз интизор
Мешумурдам турнаҳоро ҳар баҳор,
Баччагиям бо қатори турнаҳо як ҷо гузашт.
Шаст меандохтам бар рӯди маст,
То биафтад моҳии тилло ба шаст,
Баччагиям бо умеди моҳии тилло гузашт.
Ханда мекардам ба сӯи шаршара,
Ханда меомад зи ҳар санги дара,
Баччагиям ханда бар лаб лаб-лаби дарё гузашт.
Номаҳо бинвишта будам беҳисоб
Лек аз он сӯ намеомад ҷавоб...
Баччагӣ чун номае бар ёри бепарво гузашт.
Баччагӣ чун шохборон рехт, рехт,
Баччагӣ чун обшорон рехт, рехт.
Ё мисоли шохнам аз дашти бопаҳно гузашт.
Баччагӣ гӯё буду гӯё набуд,
Баччагӣ аз мо буду аз мо набуд,
Бехабар мондем, то дидем, фарсахҳо гузашт.
Баччагӣ – гулгуни зарринёли ман,
Баччагӣ – гулгуни зарринболи ман –
Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт...
20.6.1974
* * *
Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт
Дар талоши қисмату номусу ном.
Боз як хуршед моро тарк гуфт,
Моҳи нав пайдо шуд андар бурҷи шом.
Шаб ба хайр, эй ҳамнишинон, шаб ба хайр!
Боз як рӯзе гузашту даррабуд
Сафҳаеро аз китоби зиндагӣ.
Эй хуш он кас, ки дар ин радду бадал
Ҷӯяду ёбад ҳисоби зиндагӣ.
Шаб ба хайр, эй дӯстдорон, шаб ба хайр!
Боз торикиву бар ёдам расид
Чашмҳои хирабини модарам.
Дурам аз ӯ, то кӣ бошад дастёр
Дар нафасҳои пасини модарам.
Шаб ба хайр, эй модари ҷон, шаб ба хайр!
Фориғи парвозҳо аз баҳри ризқ
Мурғакон дар шохаҳо ҷамъ омаданд.
Ҷазбаи зотист, ки парвонаҳо
Аз паи худсӯзӣ то шамъ омаданд.
Шаб ба хайр, эй худгудозон, шаб ба хайр!
Марзбон бедор андар посгаҳ
Пой монад қад-қади симхорҳо,
То бувад рӯи замин бедоғтар,
То наёбад пушти ӯ озорҳо.
Шаб ба хайр, эй ҳамзаминон, шаб ба хайр!
Талху ширинист андар ҷоми шаб,
Ин хурад май, он хурад хуни ҷигар.
То чӣ гӯяд субҳ андар гӯши мо,
То кӣ бошад зинда то субҳи дигар.
Шаб ба хайр, эй комгорон, шаб ба хайр!
Мо ҳама фарзанди айёми худем,
Шодмонем андар оғӯши замон.
Ончунон хушном бояд зистан,
То мабодо кас фаромӯши замон.
Шаб ба хайр, эй ҳамзамонон, шаб ба хайр!
20.6.1974
Дида шуд: 222