Пунба

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Раҳбарон дар анҷуманҳои бузург

Мешаванд аз баҳри ту сурху сафед.

То ту аз хоки сияҳ сар мекашӣ,

Медиҳӣ аз заҳмати деҳқон навид.

 

Бишкуфӣ, мисли чаманҳо бишкуфанд

Ғунчаҳои орзуи деҳқон.

Ҳар қадар боло шавӣ, боло шавад

Эътибору обрӯи деҳқон.

 

Шӯша бандад пираҳанҳо дар бадан

То зи ту пироҳани нав офаранд.

Эй басо бар хок сар хам мекунанд

То туро аз хок берун оваранд.

 

Чун қад афрозӣ, сарафрозӣ кунанд

Сарварон аз минбари толорҳо.

Он қадар гардад забонҳошон дароз

Васфи ту гӯянд бо такрорҳо.

 

Гарчи мерӯӣ ту аз хоки сияҳ

Бош рамзи дилсафедиҳои мо.

Дар ҷило ҳамчун ситора дар замин,

Дар сафедӣ чун раҳи фардои мо.

 

Пок чун номуси деҳқони асил,

Чун дили кӯдак ту беолоишӣ.

То ту осоӣ, надорад рӯзу шаб

Марди деҳқон роҳате, осоише.

 

Бишкуфад пайколҳо чун Каҳкашон,

Ин замин гардад дучандон нозанин.

Пунбачиндухтар саҳар то шомгаҳ

Пунба не, чинад ситора аз Замин...

1974

 

* * *

То дил накунад дард, надонӣ, ки дилат ҳаст,

То сар накунад дард, надонӣ, ки сарат ҳаст.

То ёр туро тарк нагӯяд, натавон гуфт

Аз ӯ ба дилу ҷон чӣ нишону асарат ҳаст.

 

То ҷӯи пуробат ба дари хона нахушкад,

Зинҳор надонӣ, ки беҳ аз баҳри дамон буд.

То гум накунӣ ёри қарин аз ғалати дил,

Зинҳор нагӯӣ, ки чунин буду чунон буд.

 

То аҳди ҷавонисту айёми муҳаббат,

Бигзаштани ин аҳд нагунҷад ба хаёле.

То дар дили мо ҳавсалае пир нагардад,

Беҳуда бувад огаҳиву қолумақоле.

 

То сабза насӯзад ба талу пушта зи гармо,

Кас пай набарад фасли баҳоре буду бигзашт.

То моҳ насӯзад ба само, мардуми дунё

Бо таҳлука он қадр ба ӯ нангарад аз паст.

 

Чунон ки фаромӯш шавад шеъру тарона,

Гуфтан натавонем каяш бо кӣ сурудем.

Ин гуна аҷаб не гузарад умру надонем,

Гуфтан натавонем, ки мо зиста будем...

1974

Дида шуд: 198