Тобистони Варзоб

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Дар буни ҳар бутта ҷуфти ошиқе,

Дар сари ҳар санг сар дар зонуе.

Дилбаре саргарми лофу ваъдаҳо,

Ошиқе сармасти атри гесуе.

 

Обшорон – кокули чилбофи ёр,

Дасти куҳсор асту банди кокуле.

Чашмаҳо чун рағбати навошиқон

Мекунад дар синаи куҳ ғулғуле.

 

Мебарад амвоҷи беороми рӯд

Ваъдаҳои хому осонро басе.

Ваъдаҳои хушку қавли бесубот

Меравад бар об монанди хасе.

 

Зери ҳар санге, ки бардорӣ, бубин

Сад ҳазорон илтимосу илтиҷост,

Сад ҳазорон лобаву нозу ниёз,

Сад ҳазорон нолаҳои бесадост.

 

Дар тани ҳар санг номи ошиқон

Чун ситора дар назар тобон бувад.

Номашон дар сангҳо гул бастааст,

Розашон лек аз назар пинҳон бувад.

 

Ҳар маҳал, ки буда меъоди ду дил,

Ёдгораш шишаи бишкастаест.

Сабзаву гул пойкӯби шавқу шӯр –

Шавқу шӯри ду тани дилбастаест.

 

Рӯд сармасти такопӯи худ аст

«Меравад пуршӯру бе такрорҳо».

Баски ин сон ошиқу ноошиқон

Дар ду соҳил дида ӯ бисёрҳо...

 

Меравад то даштҳо маҷнунсифат –

Даргурез аз ҳабси соҳилҳои хеш,

Гар ҳама доранд савдое ба сар,

Ҳаст ӯро ҳам сару савдои хеш...

1974

 

* * *

Шоире қолабист эҳсосаш,

Донад ӯ ҳадди мумкину мамнӯъ.

Шоире мисли оби корез аст –

Боадаб байни соҳили маснӯъ.

 

Шоире – оби рокиди барка –

Пуруфунат, палишт, гандида,

Гумнишон, безабону бемаҷро

Бо ҳаводис сукут варзида.

 

Шоире кӯли оби борон аст,

Соате пас замин кашад ӯро.

Дар бисоти дилаш чу оҳе нест,

Зиндагӣ беамон кушад ӯро.

 

Шоире ҳаст мисли фаввора –

Мепарад тунд, мефитад сарзер.

Шоире ҳаст обшороҳанг –

Мекунад нола – нолаи шабгир.

 

Шоире – Уқёнуси Ором,

Шоире чашмаи хурӯшон аст.

Шоире бар мисоли дӯлобе

Чоҳе андар дили биёбон аст.

 

Шоире рӯди масти кӯҳистон –

Мешавад гоҳ хориҷ аз соҳил.

Мезанад гоҳ сар ба харсанге,

То бисозад муроди дил ҳосил.

 

Гар гилолуд буд, айбе нест,

Оби ӯ з-ин замин асар дорад.

Бӯи хоки Ватан дар оби ӯст,

Аз замин бар замин сафар дорад.

 

Саргаҳи ӯст ин замин, ин хок,

Мекунад сарфи неку бад худро.

Сад тагорӯ шуда ба маҷрояш,

Мебарад соф то абад худро...

1974

Дида шуд: 198