Ҳамосаи бародарӣ

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Мо шуълаи як оташ, шогирди як дабистон,

Гулҳои ранг-ранги як гулшани шукуфон,

Сарчашмаҳои як рӯд аз авҷи кӯҳсорон,

Ангуштҳои як даст, як дасти пуртавонем,

Ҳамбахту ҳамнасиба – ёру бародаронем!

 

Мо – узвҳои як тан, мо – чашмҳои як сар,

Мо – ганҷи як хазина, мо – шуълаи як ахтар,

Мо – аскарони як саф, мо – рукнҳои лашкар,

Аз модари замона фарзанди тавъамонем,

Ҳамширу ҳамризоӣ – ёру бародаронем!

 

Мо – торҳои як соз, пайвандҳои як ҷон,

Мо – шохҳои як бун, нуқлу навои як хон,

Мо созу барги як раҳ – як шоҳроҳи даврон –

Хурду бузург тобон ҳаҷми як осмонем,

Ҳамгавҳару ҳамахтар – ёру бародаронем!

 

Як кӯраи табу тоб ин сон гудохт моро,

Будем мо филизе, шамшер сохт моро.

На қавм! На қабила! Миллат шинохт моро!

Абёти шоҳвори як шеъру достонем,

Ҳаммаслаку ҳамойин – ёру бародаронем!

 

Бовар надорӣ гар ту ёрию ҳамсариро,

Даврони дӯстиву даври баробариро,

Бингар ба хоки кишвар гӯри бародариро –

З-он пас бидонӣ мо чун ҳамному ҳамнишонем,

Ҳамдостону ҳамдил – ёру бародаронем!

 

Тиру камон чу бинӣ – мо рангҳои ӯем,

Як боғбону як хок, мо гуна-гуна рӯем,

Аз ҳар ваҷаб заминаш пайванди хеш ҷӯем –

Авроқи як китоби таърихи ҷовидонем,

Ҳамсолу ҳамзамона – ёру бародаронем!

19.11.1973

Дида шуд: 199