Зоҳир нашуд, ки матлаби ин гирудор чист?

Муаллиф: Зебуннисо

Зоҳир нашуд, ки матлаби ин гирудор чист?
Раъноии гулу чамани лолазор чист?
Пур кун зи май қадаҳ, ки надонем кор чист?
«Хуштар зи айш суҳбату боғи баҳор чист?
Соқӣ куҷост, гӯ, сабаби интизор чист?«

Соқӣ, чаҳор фасли ҷаҳон аст рӯзгор,
Фасли даю тамузу хазон асту навбаҳор,
Бар ҳар чаҳор фасл бувад бода хушгувор,
«Ҳар вақти хуш, ки даст диҳад, муғтанам шумор,
Касро вуқуф нест, ки анҷоми кор чист?»

Бошад чӣ ибтидо азалу интиҳо адам,
Мавҷуд дар миёна Карим асту Зулкарам,
Соқӣ, биёр бодаи гулгуни Ҷоми Ҷам,
«Маънии оби зиндагиву равзаи Ирам,
Ҷуз тарфи ҷӯйбору майи хушгувор чист?»

Бе ихтиёр кор на сабр асту ихтиёр,
Зоҳид ҷаве барои Худо чист корубор?
Тарки шаробу ишқ хато ҳаст дар баҳор,
«Саҳву хатои банда гараш нест ихтиёр,
Маънии афву раҳмати омӯрзгор чист?»

Дунёю охират худу дигар ҷамилаанд,
Ободиву харобии моро василаанд,
Гӯӣ дар ин макон ҳама дар макру ҳиллаанд,
«Мастуру маст ҳар ду чу аз як қабилаанд,
Мо дил ба ишваи кӣ диҳем, ихтиёр чист?»

Идроки ҷоми май натавонад касе хамӯш,
Ҳарфе аз ин тарона нахонад касе хамӯш,
Суфӣ, ба ин наво бирасонад касе хамӯш,
«Рози даруни парда надонад касе хамӯш!
Эй муддаӣ, низои ту бо пардадор чист?»

Ошиқ нишони доғи худ аз доғи лола хост,
Махмур нашъа аз маи софи пиёла хост,
Махфӣ, муроди хештан аз оҳу нола хост,
«Зоҳид шароби Кавсару Ҳофиз пиёла хост,
То дар миёна хостаи Кирдугор чист?»

Дида шуд: 204