Ту пок бошу мадор, эй бародар, аз кас бок

Муаллиф: Саъдӣ Шерозӣ

Ту пок бошу мадор, эй бародар, аз кас бок,
Ба ёд дор, ки ин пандам аз падар ёд аст.
Гар аҳли маърифатӣ, дил дар охират бандӣ,
На дар харобаи дунё, ки меҳнатобод аст.
Ризо ба ҳукми қазо ихтиёр кун, Саъдиё,
Ки ҳар кӣ бандаи фармони Ҳак шуд, озод аст

Дида шуд: 245