Эй мусулмонон, надонам то чӣ даврон омадаст,
Ин чӣ бедодиву бадбахтӣ ба халқон омадаст.
Ин чӣ бедодиву бадбахтӣ дар олам, ки муставлӣ шудаст,
Аз барои ҷабру зулму бори ъисён омадаст.
Авратон бешарм гашта, кудакон бас беадаб,
Лофу кизбу беҳаёӣ, бенамозӣ кори ишон омадаст.
Илмро қадре намонда олимонро ҳурмате,
Вақти танбуру рубобу ною анбон омадаст.
Олиме аз дар дарояд бо ҳазорон илму фазл,
Таънаҳо созанд, ки муфлис аз паи нон омадаст.
Золиме аз дар дарояд бо ҳазорон ҷабру зулм,
Хона ороянд, ки у аз пеши султон омадаст.
Дар замонаш неъмату мурғи кабоб оранд пеш,
Ки фалон ибни фалон имруз меҳмон омадаст.
Олимонро хор доранд, золимонро бас азиз,
Лоҷарам бар халқ меҳнат ҳамчу борон омадаст.
Ту Саноиро биомурз, эй Карим, аз фазли хеш,
З-он, ки ин дунё бар у, валлоҳӣ, зиндон омадаст
Дида шуд: 301