Чун синаи садчоки ялонӣ, Ватани ман,
Ман зиндаю медӯзӣ ту аз гул кафани ман.
Ту олами яктои манӣ, дида мабодо,
Бинад гули хокистари боғу чамани ман.
Бо ин ҳама худсӯзӣ туро боз парастам,
Қутби ману Маздои ману Аҳримани ман.
Як қофилаи ишқи ман аз роҳ рабуданд,
Ман ҳеч надонам кӣ бувад роҳзани ман.
Аз тундию аз тезӣ чунон хор шудастем,
Чун хор бувад пираҳанам дар бадани ман.
Хубон ҳама оҳу шудаву кӯҳ ба кӯҳанд,
Як ҷав нахарад нофаи моро Хутани ман.
Мардӣ чу гузашт аз камари мард, ҷунун аст,
Э вой аз ин мардии барбодзани ман.
1996
Дида шуд: 367