Духтари муқаддас

Муаллиф: Мирзо Турсунзода

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.

Ҷустуҷӯ мекард он инсофро,
Осмони софи кӯҳи Қофро,

Олами аз шӯру ғавғо покро,
Рӯҳпарвар, тозаву тар хокро.

Дӯстиро, чеҳраҳои бозро,
Бомдоди рӯзи некоғозро.

Чашми ақли худ ба одам чун кушод,
Аз ҷафобинӣ ба дод омад, ба дод.

Рӯи он мисли гули пажмурда шуд,
Дар даруни сина дил афшурда шуд.

Рӯз аз рӯз об мешуд мисли мум,
Ғам ба ӯ мекард чун оташ ҳуҷум.

Чун ба дар мебаст чашми интизор,
Ёд мекард аз суханҳои Тагор:

“Ҳар қадар занҷир гардад тангтар,
Тоб вақти кашмакаш н-орад дигар”.

уд ба худ мехонд “Банда Матарам”
“Оби Ганга ошиқи хокистарам”

Кӯҳи сабр акнун чу вулқон гашта буд,
Чашми дарёи хурӯшон гашта буд.

Ҷандбибиро ба хун оғушта дид,
Дар муқобил душманонро кушта дид.

Хост чун боде, ки ояд аз дара,
Дар биёбон паҳн гардад яксара.

Аз дамаш рӯбад хасу хошокро,
Пок созад, пок рӯи хокро.

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.

Аз нишастан, сабр кардан ор кард,
Хешро дар кӯчаву бозор кард.

Кулбаи вайронаро партофт, рафт,
Бахти нопайдои худро кофт, рафт.

Кӯчаву бозор пур буд аз гадо,
Аз гапи “бахшишу” аз дарвешҳо.

Тарк карда одамон Банголаро,
Ҳавлию гову бузу бузғоларо.

Мурғҳо гардида беҳолу карахт
Бе ғизову дона дар шохи дарахт.

Ҳиндӣ аз дасти мусулмон дар азоб,
Худ мусулмон аст бо ҳоли хароб.

Як ҳавову як замину обро,
Як макон, як ҷои хӯрду хобро,

Як ғаму андӯҳро, як дардро,
Як садои дил, як оҳи сардро,

Ғайр-бевиҷдон ба ду тақсим кард,
Мамлакатро ҷои хавфу бим кард.

Духтари ҳиндӣ ба ҳар сӯ чашм дӯхт,
Ҳар нигоҳаш чун шафақ афрӯхт, сӯхт.

Монда буд хомӯш тӯпи “Замзама”
Гӯшро кар карда “Султон Ҷамҷама”

Дид он тӯфони моҳи Ҳутро,
Ҳам кафан, ҳам гӯр, ҳам тобутро.

Шуд ба чашмаш мисли иблиси палид
Сояи ғафси Маунбетен падид.

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.

Кард аз Лоҳури пурдаҳшат фирор
Чун рамида сайд сӯи кӯҳсор.

Орзӯи гӯшаи Кашмир кард,
Шиква аз бераҳмии тақдир кард.

Хост хилватгоҳ дар вайронае,
Бутпарастию ибодатхонае.

Хост, ки дигар набинад рӯзро,
Чеҳраи бадхоҳи оламсӯзро.

Хост пӯшад рӯйро аз офтоб,
Чун маҳи афтода дар зери саҳоб.

Нашнавад бо гӯш фарёди касе,
Ғингаси занбӯру овози хасе.

Хост, ки маҳфуз дорад нангро,
Баста дар дил аз қаноат сангро.

Рӯ ниҳад бар Шива бо аҷзу ниёз,
Бошад он чун уд дар сӯзу гудоз.

Монда духтар дастро болои даст,
Дар ибодатхона чандин маҳ нишаст.

Халқро машҳур нақли тоза шуд,
Чун муқаддас духтаре овоза шуд.

Карда дар бар пӯсти бабру паланг,
Гоҳ берун шуд ба дашти сабзранг.

Гоҳ мисли соя дар шабҳои тор
Мулкро мекард он гашту гузор.

Ҷустуҷӯ мекард қути лоямут,
То каме ором созад нафси худ.

Аз тамошо чашм мепӯшид он,
Чун дили саҳро намеҷӯшид он.

Лек дуздида дили онро ба худ,
Зинати Кашмир мафтун менамуд.

Бод меовард аз “Боғи насим”
Дар саҳаргоҳон димоғашро шамим.

Дасти рассоми табиат дилрабо,
Чун арӯс ороста Кашмирро.

Кӯҳи барфин — оби ширин дорад он,
Чашмаву рӯди булӯрин дорад он.

Абр агар аз осмон борон диҳад,
Аз замин гул шаддаи марҷон диҳад.

Осмонаш чун гилеми рангае,
Ё ба мисли лаълии пуртангае,

Пас чӣ сон дилро набандад ҳусни он,
Бо ҳазорон шаъшаа, бе ресмон!

Лаънат он касро, ки созад бо итоб,
Ин латифӣ, ин зарифиро хароб!

Духтари ҳиндӣ яроқи ҷанг дид,
Вақти сайругашт тӯпу танг дид.

Лашкари бегона дар он ҷо шудаст,
Зинати Кашмир зери по шудаст.

Дуди танк, аэроплан, дуди мотор
Ҳалқа мезад дар фазои беғубор.

Духтари ҳиндӣ ба хашм омад, ба хашм,
Боз шуд чун мош онро ҳар ду чашм.

Чун нидо, чун огаҳӣ, ҳамчун қасам
Ин суруд омад ба гӯшам дам ба дам.

“Лолаҳо, бигзор, дар Кашмири мо
Доимо бошанд дар нашъунамо.

Обҳо, бигзор, ҷӯшанду даманд
Чун сафедӣ дар уфуқ — субҳи баланд,

Мо вале ҷонсахт мардон мерасем,
Мисли санги кӯҳсорон мерасем,

То ки рӯзи имтиҳон, рӯзи ҷидол
Хам насозад қомати моро шамол”.

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.

Боз дунболи раҳи дигар гирифт,
Роҳи одамгарди Амритсар гирифт.

Гашт дар шаҳру ба ҳар кас гӯш кард,
Лаб фуру басту нафас хомӯш кард.

Шаҳр буд аммо пур аз овози халқ,
Аз чапакҳои фалакандози халқ.

Дар миёни кӯчаву бозорҳо,
Дар дами дар, дар таги деворҳо

Одамон дар коғаз имзо мекунанд,
Сулҳро ташвиқу илқо мекунанд.

Сулҳ — мегуфтанд, ки — омоли мост
Навбаҳори чор фасли соли мост.

Сулҳ истиқболи фарзандон бувад,
Хотири ҷамъи куҳансолон бувад,

Сулҳ бошад, бигзарад нон бемалол
Аз гулӯи халқ дар ҳар гуна ҳол.

Адлро барпо кунад паймони сулҳ,
Бахтро парво кунад даврони сулҳ.

Духтари ҳиндӣ ба гапҳо гӯш кард,
Пайкараш ларзиду тобу тӯш кард.

Кучаҳоро хӯрда кард аз рафтуо,
Мешунид аз халқ як гуна нидо.

Менависад номи худ дар ҳар қадам
Ҳар яке бо нӯги ангушту қалам.

Тӯдаеро кам-камак наздик шуд,
Сулҳҷӯро аз паи табрик шуд.

Духтаре, ки адлро уммед дошт,
Бо қалам дар коғаз имзоро гузошт.

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Одам аз таърихи он огоҳ шуд,

Аз Ватан, аз сарзамини модарӣ,
Рафт берун, дид мулки дигаре.

Дид кишварҳои гуногуни даҳр,
Сулҳпарварҳои рӯзафзуни даҳр.

Дар забон, дар ғоя, мазҳаб мухталиф
Аз паи сулҳанд, аммо ҳамрадиф.

Дид як роҳи сафеди сулҳро,
Қалъаву қулфу калиди сулҳро.

Конгресси Вена оғӯшаш намуд,
Сулҳро чун ҳалқа бар гӯшаш намуд.

Мисли як уммеди дерин Москва,
Орзуву хоби ширин Москва,

Такягоҳи сулҳҷӯён Москва,
Иттифоқи дӯстдорон Москва,

Шаҳри бемонанди пуршон Москва,
Ҷони дунё, ҷони инсон Москва,

Пойтахти мулки аъзам Москва,
Дар вафову аҳд маҳкам Москва,

Ҳиндудухтарро саодатманд кард, —
Меҳмон бинмудаву хурсанд кард.

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Олам аз таърихи он огоҳ шуд.

1955

Дида шуд: 385