Достони "Писари ватан" 6

Муаллиф: Мирзо Турсунзода

Намоён шуд ба чашми субҳи шодӣ
Сияҳабре чу шоми номуродӣ.
Ки хасми фитнагар бишкаста паймон
Шуда лабташнаи хун, гушнаи ҷон,
Ҳуҷум овард бо оташфишонӣ
Ба тасхири ҷаҳони комронӣ.
Саҳаргоҳон баромад деви бадмаст,
Ба болои сари мо теғ бар даст.
Ба рӯйи ин Ватан – ин бахткавкаб,
Хатар наздик шуд ҳар рӯзу ҳар шаб.
Сипаҳсолори модар хашм афтод,
Ба ҷанги беамон фармони худ дод.
Рафиқон, дӯстонашро садо кард,
Садо дар пешгирии бало кард.
Садо аз пойтахт, аз Маскав омад,
Садои раҳбари асри нав омад,
Садои раҳбаре, ки рӯҳи халқ аст,
Шарики шодию андӯҳи халқ аст,
Садои раҳбаре, ки халқ бо вай
Намуда роҳи чандин фатҳро тай,
Садои раҳбаре, ки дар дили халқ
Нишаста чун умеди комили халқ.
Ба одам гуфт хоки кишвари бахт,
Ки: «Гар ту дӯст медорӣ маро сахт,
Агар хоҳӣ, ки бо ман зинда бошӣ,
Ҷавонбахту чу гул дар ханда бошӣ,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!»
Ба одам гуфт ҳар кӯҳи азиме,
Ки: «Хоҳӣ бо бузургон гар надимӣ,
Агар монанди барфи қуллаи ман
Даруни синаат соф асту равшан,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!»
Ба одам гуфт оби мавҷи дарё,
Ки: «Эй, дар меҳнатӣ аз ман ту боло,
Агар ки ту нахоҳӣ ташна монӣ,
Замин хушконию худ гушна монӣ,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!»
Ба одам осмон гуфт: «Эй зафарманд,
Нахоҳӣ гар нафас гардад туро банд,
Фазо хоҳӣ агар доманфарохе,
Сарафрозӣ кунӣ дар он чу кохе,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!»
Ба одам инчунин хуршед ҳам гуфт,
Ки: «Натвонад касе меҳр аз ту бинҳуфт,
Агар хоҳӣ, ки бошӣ ҷовидонӣ,
Чу ман рахшандарӯ дар зиндагонӣ
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!»
Шунид ин ҳарфро ҳар пиру барно,
Бигуфто: –«Ман фидо гардам Ватанро».
Намонд он кас, ки боз осуда бошад,
Ба ғафлат андаке ҳам буда бошад.
Зи ғарби СССР то кӯҳи Помир,
Зи дарёи Сияҳ то Арктики пир,
Суруди ҷангии мо дар ҳаво шуд,
Замин аз пайи лашкар пурсадо шуд.

Дида шуд: 789

2020 SHOIR.TJ