Шоиро, маънии ғурурат чист?
Сабаби кибри нозарурат чист?
Ё ки шеърат ҷаҳон мусаххар кард,
Шӯру ҳангомаҳои нав сар кард?
Ё ту як шоири хирадмандӣ,
Ки зи сар ба по ҳама пандӣ?
Ақлро кардаӣ ту бе эҳсос,
Ба бинои азими назм асос?
Номаи ишқи нотамом куҷост,
Сӯхтанҳои бардавом куҷост,
Варна, гар шоирӣ, ҷунунат ку?
Дили ҳассосу гарм хунат ку?
Ишқ агар нест ақл беҷон аст,
Дар дилат чиллаи зимистон аст.
1977
Дида шуд: 382