Як нигоҳ

Муаллиф: Мирзо Турсунзода

Ҷустуҷӯ кардам каломи рехта,
То барам сӯяш паёми рехта,

То ки он шоистаи номаш бувад,
Чун қиёми бода дар ҷомаш бувад.

То ба табъи ёри ман ояд писанд,
Бо салисиҳову мазмуни баланд.

Бошад он чун қомати мавзуни ёр,
Зеби лабҳо, чеҳраи гулгуни ёр.

Нотиқонро борҳо дар анҷуман
Гӯш кардам, буд такрори сухан.

Нутқи онҳо буд мурғи бепаре,
Оташе ҷо дода бар хокистаре.

Бесару по домани офоқ буд,
Қиссаи дерини кӯҳи Қоф буд,

Ҷустуҷӯ кардам каломи рехта,
То барам сӯяш паёми рехта

1967

Дида шуд: 399