Биё, эй дилбари кокулбурида, интизорат ман,
Биё, эй чашми нилӯпарварида, интизорат ман,
Биё, абрӯю мижгони хамида, интизорат ман,
Биё, хонам ба гӯши ту суруди кӯҳсоронро.
Агар донам, ки ҷангалзор чои сайргоҳи туст,
Агар донам, ки ҳусни беша аз лутфи нигоҳи туст,
Агар донам, ки нахли сабз дар пушту панохи туст,
Зиёратгоҳ мекардам даруни бешазоронро.
Зимистонро ту аз овони хурдӣ дӯст медорӣ,
Ҳавои сарди онро аз дилу аз ҷон талабгорӣ,
Ба рӯи барфҳо бо лыжа, бо конькӣ ба рафторӣ,
Аз ин рӯ ман ҳам аз ҷон дӯст медорам зимистонро.
Агар ёбам ба рӯи барфи ҷангал нақши поятро,
Агар орад ба гӯшам боди саҳроӣ садоятро,
Агар аз бӯи барги коч бишносам ҳавоятро,
Бигӯям: — Сабр кун, ҳоло наё! — фасли баҳоронро.
Ҳамехоҳам, ки монад нақши пои ёри ман бо барф,
Машомамро расад бӯи ҳавои ёри ман бо барф,
Дилам равшан кунад сидқу сафои ёри ман бо барф,
Ки то дар хизматаш даъват кунам табъи ғазалхонро.
Агар бо барф нақши пои онро бод пӯшонад,
Дилам нақши муборакро ба мулки хеш кӯчонад.
Дигар ин нақш дар мулки дили ман ҷовидон монад,
Ба олам зинда гардонам русуми дӯстдоронро.
Агар барфи зимистон об гардад, навбаҳор ояд,
Агар фасли гулу айёми парвози ҳазор ояд,
Барои қӯзақaрнӣ ёр агар дар бешазор ояд,
Намоям пурсуҷӯ аз нақши пояш сабзазоронро.
Насими навбаҳорӣ кокули заррин ба чанг орад,
Зи болои сараш гул резаду қарси фаранг орад.
Рухашро дида садбарги сафеди боғ ранг орад,
Ба ӯ шоир намояд ҳадья назми Тоҷикистонро.
Дида шуд: 648