Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас, макун аз оташи сӯзоч ҳазар!
Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад,
Аз шароре тоза гулхан офарад.
Пурҳарорат гар намешуд офтоб,
Зиндагӣ мегашт аз сармо хароб.
Бе ҳарорат санг буду дил набуд,
Гӯша буду пурсафо манзил набуд.
Бе ҳарорат не дамидан буд расм,
Не шукуфтан, не расидан буд расм.
Бе ҳарорат дар лабонат ханда нест,
Хандаи чун машъали тобанда нест.
Шоиро, аз сӯхтан ҳаргиз манол,
Сӯхтанро дӯст медорад висол,
То насӯзӣ, сохтан мушкил бувад,
Дил ба ҷонон бохтан мушкил бувад,
Шеър ҳам бояд занад фавворае
Аз танӯри дил, чу оташпорае,
Сар занад аз дил, ба дил коре кунад
Нармтар сангин дили ёре кунад.
Ёр донад, ки чӣ бошад сухтан,
Дар вафодорӣ сабақ омӯхтан,
Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас, макун аз оташи сӯзон хазар!
Августи с. 1962
Дида шуд: 376