Панди дерин

Муаллиф: Сафармуҳаммад Айюбӣ

Одами баднафсро нони даҳонаш мекушад,
Шахси бадгуфторро захми забонаш мекушад.
Шавқу шӯри навҷавониро пайи ишрат мабар,
Беадабро ҷунбиши хуни ҷавонаш мекушад.
Кӯдаконашро агар н-омӯхт одобе падар,
Оқибат ноодамии кӯдаконаш мекушад.
Мебари бо худ камон аз тири он андеша кун,
Марди беандешаро тири камонаш мекушад.
Гар шиновар хешро бар сели дарё мезанад,
Ҳалқаи гирдоби дарёи равонаш мекушад.
То, ки қад боло кунад по монд дар болои дӯст,
Бевафоро дар ҷудоӣ душманонаш мекушад.
Шоире гуфто сухан аз синаи бедарду ғам,
Дарди он бедардҳои достонаш мекушад.

Дида шуд: 499