Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият

Муаллиф: Саъдии Шерозӣ

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.
Хӯру хобу хашму шаҳват шағаб асту ҷаҳлу зулмат,
Ҳаявон хабар надорад зи мақоми одамият.
Ба ҳақиқат одамӣ бош, в-агарна мурғ бошад,
Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият.
Магар одамӣ набудӣ, ки асири дев мондӣ,
Ки фаришта раҳ надорад ба макони одамият.
Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,
Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият.
Расад одамӣ ба ҷое, ки ба ҷуз Худо набинад,
Бинигар, ки то чӣ ҳад аст макони одамият.
Таярони³ мурғ дидӣ, ту зи пойбанди шаҳват,
Бадар ой, то бубинӣ таярони одамият.
На баёни фазл кардам, ки насиҳати ту гуфтам,
Ҳар аз одамӣ шунидем баёни одамият.

Дида шуд: 333

2020 SHOIR.TJ