Ишорат мекунад ирфон
Чу аз идбору аз имкон;
Нишопур гашт пур аз бонги омад-омади Сино,
Вале худ ончунон омад, ки буд пайдою нопайдо.
Ҳама ҷӯёи Сино, гунгҳо гӯёи Сино буд,
Тамоми дардмандон аз паи пайдои Сино буд.
Ва Сино то зи роҳ омад,
Ба сӯи хонақоҳ омад.
Ҳарифе ҷуст дар ин шаҳр к-ояд ҳамрадифи ӯ,
Варо дар пӯстин дарёфт бо ҷисми наҳифи ӯ.
Ба дил гуфто: Киро ҷустам, чӣ мебинам, чӣ меёбам
Аз ин хиргоҳи пуродам, аз ин даргоҳи беодам?
Гурӯҳе дид дар савму сало бо Пири Меҳонӣ,
На бо дастури исломӣ, на бо дастури имронӣ.
Ҳама дар худ фурӯ буданд,
Шароби дар сабӯ буданд.
Худоро дар худӣ дар ҷустуҷӯ буданд.
Шудам ворид,
Наҷунбид
Ҳеҷ кас ҳамчун пари коҳе,
Чӣ дастури назарбинӣ, аҷаб роҳи дилогоҳӣ!
Нишастам гӯшае, сарпӯшае бардоштам аз дил,
Дигар сарпӯшае бархост аз худҷӯшии маҳфил.
Зи роҳи ақл рафтам дар тариқи нақлии эшон,
Дили худ ҷамъ медоранд худбинону худкешон.
Дар ин дунёи бесомон, дар ин саҳрои бедомон
Ба ин тобу тариқат менагардад мушкиле осон,
Чи ранҷу дардҳоро дидаам дар умри кӯтоҳам,
Чи банди нокушо бикшудаам дар нимаи роҳам.
Агар хосони ҳақ боре раванд аз хештан берун
Аз ин зовияи дарбастаи худ – аз кафан берун,
Ба чашми сар бубинанд он чӣ ман дидам,
Ҳазорон ҷони ларзонро ба зиндони бадан дидам
Зи дарди мардумон гарде шаванд огоҳ,
Ба ранҷи мардумон боре шаванд ҳамроҳ.
Бигарданд аз худӣ, мардум шаванд эшон,
Наҷӯянд қутбро, анҷум шаванд эшон…»
Дар ин андеша будам, маҷлиси хосон дуоӣ шуд,
Пас он аз шайх моро як саломе чун худоӣ шуд.
Магар он Пири Меҳонӣ парешон ёфт авзоям,
Чизе бархонд аз пинҳону пайдоям.
Бигуфто: «Эй азизон, гар чунон бинам, ки мебинам,
Ба ин ҷо мантиқӣ омад барои баҳси деринам.
Варо бо ман, маро бо ӯ гузоред аз атои худ,
Шумо ҳам бо худо бошед, мо ҳам бо худои худ…»
Дида шуд: 229