Чашмаи сабоҳӣ

Муаллиф: Мӯъмин Қаноат

Бароӣ субҳидам аз хандаи гул,
Равону соф чун овози булбул.
Аҷаб нармӣ, аҷоиб беғуборӣ!
Чу шарми духтарони куҳсорӣ.
Дамиданҳои чун субҳи сафоят,
Кунад аз равшанӣ бо ман ҳикоят.
Ту хомӯшию сад оҳанг дорӣ,
Зи гулҳо бӯй дорӣ, ранг дорӣ.
Чу нози духтарони шӯхи Дарвоз,
Чи ширинӣ, аё сарчашмаи ноз!
Биё, лабро ба лабҳои ту монам!
Ғами деринаро аз дил биронам!
Бинӯшаб об аз оби ҳаётат,
Барам то гӯшаи дунё сифотат.
Туро, ёри ҷавонӣ, ёд кардам!
Ба ёдат мазрае обод кардам!

Дида шуд: 304