Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!

Муаллиф: Мӯъмин Қаноат

Ба дида нақши рӯи ту, ба гӯш гуфтугӯи ту,
Ҳанӯз аз димоғи ман нарафтааст бӯи ту,
Ба ҷои дур меравад дилам ҳамеша сӯи ту,
Шудам калону омадам кунун ба ҷустуҷӯи ту,
Бародарам, Бародари ба ҷону дил баробарам!

Замини Украинаро зи сару бар қадам задам,
Ба ҳар диёр дар задам, ба ҳар мазор дам задам,
Зи лавҳаҳои мармарин ба ҳирс ҷуста номи ту,
Бикофтам, наёфтам нишони ноаёни ту,
Бародарам, Бародари ба ҷону дил баробарам!

Замони кӯдакии ман ту аз ҳама калон будӣ,
Миёни аҳли деҳи мо ҷавони паҳлавон будӣ,
Чанори соябон будӣ, мадори хонадон будӣ,
Вале зи хоксориат ба чашм ноаён будӣ,
Бародарам, Бародари ба ҷону дил баробарам!

Бигӯ, канӣ мазори ту, мазори хоксори ту?
Ба вақти захми охирин кӣ буд дар канори ту?
Даме фитодӣ бар замин, кӣ буд такядори ту?
Кӣ буд дар нигоҳи ту? Ба чашми интизори ту?
Бародарам, Бародари ба ҷону дил баробарам!

Ба вақти ҷустуҷӯи ман ба сӯи ман, ба рӯи ман
Кушода буд ҳар даме, ба ҳар даре бародаре, -
Агар туро наёфтам, биёфтам дар ин макон
Ҳазорҳо бародарон, бародарии ҷовидон,
Бародарам, Бародари ба ҷону дил баробарам!

Ба ҳар диле, ки во шавад, маро ба сина ҷо шавад.
Ба ҳар нигоҳи беғаше, ки нури дидаҳо шавад,
Ба хандаҳои ғамбарор – чу мавҷхои беқарор,
Нигоҳи туст ошкор, ҳаёти туст пойдор,
Бародарам, Бародари ба ҷону дил баробарам!

Дида шуд: 49

2020 SHOIR.TJ