Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд,
Хар бош, ки ин ҷамоат аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.
Куфре чу мане осону газоф набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
Дида шуд: 319