Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики худованд бадӣ нест фаромӯш.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон кардаанд,
Ангур на аз баҳри набизаст ба чархпушт.
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт
Гуфто, ки киро куштӣ? То кушта шуди зор,
То боз, ки ӯро бикушад он, ки туро кушт.
Ангушт макун ранҷа бадар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
Дида шуд: 1484