Рубоиёти Рӯдакӣ

Муаллиф: Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Эй аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,
Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ!
Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ,
Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ, ҳама кӯ!

Дида шуд: 241