Ғазал аз Ҳофизи Шерозӣ 121

Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ

Ҳар он ҳуҷастаназар, к-аз паи саодат рафт.

Ба кунҷи майкадаву хонаи иродат рафт.

Зи ратли дурдакашон кашф кард солик роҳ

Румузи ғайб, ки дар олами шаҳодат рафт.

Биёву маърифат аз ман шунав, ки дар суханам,

Зи файзи Рӯҳқудус нуктаи саодат рафт.

Маҷӯ зи толеи мавлуди ман ба ҷуз риндӣ,

Ки ин муомила ба кавкаби валодат рафт.

Зи бомдод ба дасти дигар баромадаӣ,

Вазифаи маи дӯшин магар зиёдат рафт?

Магар ба мӯъҷиза кӯшад табиби Исодам,

Чаро, ки кори мани хаста аз иёдат рафт.

Ҳазор шукр, ки Ҳофиз зи роҳи майкада дӯш

Ба кунҷи хонакаҳи тоату ибодат рафт.

Дида шуд: 21

2020 SHOIR.TJ