Ҳадиси сарв кӣ гӯяд ба пеши қомати дӯст,
Ки сарбаландии сарви сиҳӣ зи қомати ӯст.
Ба сарв нисбати қаддат намекунам з-он рӯ,
Ки сарв агарчи баланд аст, қоматаш худрӯст.
Хаёли қомати сарваш муқими дидаи мост,
Аз он, ки сарви сиҳиро мақом бар лаби ҷӯст,
Сабо зи зулфу хату холи ӯ ҳадисе чанд
Ба мушк гуфт, аз он аст, к-ин чунин хушбӯст.
Фарози бадри мунираш хатест, лекин кас
Надонад он, ки ҳилол аст ё хами абрӯст.
Ҳазор ҷони киромӣ фидои он, ки сараш
Фитода дар хами чавгони зулфи ӯ чун гӯст.
Ту аз даҳонш талаб коми дил, агар ҷӯӣ,
Чу Ҳофиз аз паи чашмаш марав, ки арбадаҷӯст.
Дида шуд: 223