Зангӯла

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Дӯстон рафтанд ҳар сӯ дар талоши зиндагӣ,

Аз барои ризқи пошида ба ҳар самти ҷаҳон.

Он яке ошиқ шуду рафт аз қафои духтаре,

Дигаре бигзашт аз ёраш ба ҳукми дигарон.

 

Занги охир бурд моро ҳар куҷо аз ҳам ҷудо,

То ҳанӯзам гиряи занги ҷудоӣ дар дил аст.

Баъд аз ин бо даъвати зангӯла ҳатто лаҳзае

Назди мактабхона моро ҷамъ кардан мушкил аст.

 

Шеъри шогирдонаи ёрест андар дафтарам,

Байтҳояш бебарору берадифу беҷило.

Ҳамчунон ки ишқи байни мо нашуд ҳамқофия,

Чун дили мо, ки нашуд бо ҳам қарину ҳамсадо.

 

Дар сари паймонаи май, дар сари дасторхон

Мо қасам хурдем дар роҳи садоқат бешумор.

Ҳамчу ҷоми дасти бадмасте қасамҳо ҳам шикаст,

Шишаи холист аз он базм бар ман ёдгор.

 

Оҳ, мехоҳам дилам зангӯлаи мактаб шавад,

Дӯстонро ҷамъ созад, оварад пеши назар.

Як нафас ёди ҷавонӣ бурдаву ҳасрат кунем,

Бишмарем ожангҳои рӯйҳои якдигар.

 

То бубинам, Устоди зиндагӣ дар тӯли умр

Дар ҷабину рӯю мӯҳошон чиҳо бинвиштааст.

То бубинам, дар раху дар ҷӯяи ожангҳо

Деҳқони зиндагӣ аз худ чӣ тухме киштааст.

 

Оҳ, мехоҳам дилам зангӯлаи мактаб шавад,

Созад аз дидори ёрони ҷавонӣ шодмон.

Гаштаю баргашта хонам чун китоби хотирот

Сафҳаи пешонию хатҳои чини рӯяшон.

14.4.1967

 

* * *

Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад,

Бимон, дар чашмҳои ту ҷавониям ҷавон монад.

Ту бо он ҳусни оламгир аз олам чӣ мехоҳӣ?

Бимон, дар шеъри ман аз дарди ишқи ту нишон монад.

 

Ба мисли хандаҳои обшорон хандаҳои ту,

Худодод асту нотакрор он ҳусни расои ту.

Кунам барчош ҳар як мисраъу ҳар ҳарфи шеърамро

Шаби ҷашни арӯсият ба қадди дилрабои ту.

 

Туро мехоҳам, эй маҳтоб, дар шабҳои маҳтобӣ,

Туро чун хоб мехоҳам дар ин шабҳои бехобӣ.

Намеоӣ, намеҷӯӣ, вале баъди ҳазорон сол

Маро чун устухони Рӯдакӣ аз хок мекобӣ...

24.10.1967

 

* * *

Дӯстон, хушбахт бошед,

Дар ҷаҳон бо ёри хушгил!

Дӯстон, хушвақт бошед,

Дар дили ёрони хушдил!

 

Ҷои ожанги руху чини ҷабин

Рӯзҳои неки худро бишмаред.

Рӯзатон то бегунаҳ бегаҳ шавад,

Ҳар саҳар бар рӯи тифлон бингаред.

 

Дидаед оё ки ҳангоми гусел

Мекашад поезд ҳам оҳи гарон?

Дидаед оё ба вақти зилзила

Зилзила афтад ба ҷони одамон?

 

Дӯстон! Дар зиндагии одамӣ

Сабр аз сандону зарб аз чаккуш аст.

Баҳри ман ин иттиҳоди сабру зарб

Чун камоли худшиносиҳо хуш аст.

 

Зинда бодо зарби чаккуш,

Зинда бодо сабри сандон!

То дар ин сон созмони зарбу сабр

Созад инсон теғи буррон!

24.10.1967

 

* * *

Ҳар он к-ӯ мард буду заҳрае дошт

Ба майдон омаду майдонталаб буд.

Ҳамеша бесилоҳ, аммо батадбир

Баору нангу боному насаб буд.

 

Ҳар он к-ӯ буд ларзон аз ғами ҷон

Ба хилватхонаҳо худро ниҳон сохт.

Ба ҳифзи нимаи ҷон, нимаи дил

Синону ханҷару тиру камон сохт.

 

Барои қаҳрамон тадбир бояд,

На ханҷар, на камон, на тир бояд.

Барои шоирӣ на номи холӣ,

Дили пур, шеъри ботадбир бояд...

28.10.1967

 

* * *

Онҳо, ки замини модаронро

Чун хокшинос мешиносанд,

Андоза кунанд бо қадамҳо

Ҳар роҳи варову сар набозанд.

 

Бояст шинохт ин заминро,

Чун пайкари захмноки одам.

Чун чеҳраи доғдида, к-аз умр

Дар сафҳаи ӯст нақши мотам.

 

Чун модари бекасе, ки дар он

Фарзанди ягона гӯр кардаст.

Аз гиря ба рӯи хокдонаш

Гумбахт ду чашм кӯр кардаст.

 

Чун барзгаре, ки баъди қаҳтӣ

Тухмӣ бифишонда чашмдор аст.

Чун марди мусофире, ки танҳо

Ҳамвора ба ҳасрати диёр аст.

 

Онҳо, ки замини модаронро

Чун модари хеш мешиносанд,

Дар ҳар қадаме ба рӯи роҳаш

Ҷонбозӣ кунанду сар бибозанд,

 

Ман хуб шиносам ин заминро,

Чун модари беписар, мададҷӯ.

Ҳар субҳ зи чашма орамаш об,

Ҳар рӯз хабар бигирам аз ӯ...

11.12.1967

Дида шуд: 318