Ғазал аз Ҳофизи Шерозӣ 61

Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ

Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар даст,

Маст аз маю майхорон аз наргиси масташ маст.

Дар наъли саманди ӯ шакли маҳи нав пайдо

В-аз қадди баланди ӯ болои санавбар паст.

Охир, ба чӣ гӯям ҳаст, аз худ хабарам чун нест,

В-аз баҳри чӣ гӯям нест, бо вай назарам чун ҳаст?

Шамъи дили дамсозон биншаст, чу ӯ бархост,

В-афғони назарбозон бархост, чу ӯ биншаст.

Гар ғолия хушбӯ шуд, дар гесӯи ӯ печид.

В-ар вусма камонкаш гашт, дар абрӯи ӯ пайваст.

Бозой, ки бозояд умри шудаи Ҳофиз,

Ҳарчанд, ки н-ояд боз, тире, ки бишуд аз шаст.

Дида шуд: 291