Медамад субҳу килла баста саҳоб,
Ассабӯҳ, ассабӯҳ, ё асҳоб.
Мечакад жола бар рухи лола,
Алмудом, алмудом, ё аҳбоб!
Мевазад аз чаман насими биҳишт,
Ҳон, бинӯшед доимо маи ноб.
Тахти сармад задаст гул ба чаман,
Роҳи чун лаъли оташин дарёб.
Дари майхона бастаанд дигар,
Ифтатеҳ, ё муфаттеҳ-ул-абвоб
Лабу дандонтро ҳуқуқи намак
Ҳаст бар ҷону синаҳои қабоб.
Дар чунин мавсиме аҷаб бошад,
Ки бибанданд майкада ба шитоб,
Ба рухи соқии парипайкар,
Ҳамчу Ҳофиз, бинӯш бодаи ноб.
Дида шуд: 593