Ғазал аз Ҳофизи Шерозӣ 20

Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ

Моро зи орзӯи ту парвои хоб нест,

Бе рӯи дилфиреби ту будан савоб нест.

Дар даври чашми масти ту ҳушёр кас надид,

Ку дида, к-аз тасаввури чашмат хароб нест?

Дар ҳар кӣ бингарӣ, ба ғаме аз ту мубталост,

Як дил надидаам, ки зи ишқат кабоб нест.

Ҳар к-ӯ ба теғи ишқи ту шуд кушта рӯзи ҳашр,

Ӯро дар он ҷаноб суолу ҷавоб нест.

Ҳофиз, чу зар ба бӯта дарафтоду тоб ёфт,

Ошиқ набошад он, ки чу зар ӯ ба тоб нест.

Дида шуд: 226