Ғазал аз Ҳофизи Шерозӣ 2

Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ

Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс:

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,

К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.

Ё раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон,

К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.

Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон

Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд.

Ҳусни бепоёни ӯ чандон, ки ошиқ мекушад,

Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.

Бар дари майхонаи ишқ, эй малак тасбеҳ гӯй,

К-андар он ҷо тинати одам мухаммар мекунанд.

Субҳдам аз арш меомад хурӯше, ақл гуфт:

«Қудсиён гӯй, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд».

Дида шуд: 449