То қазо кардаст дар қасри бало бонӣ маро,
Чун ҳубобам, нест ғам аз хонавайронӣ маро.
Баъд аз ин килки адаб аз чӯби сунбул мекунам,
Зулфи ӯ то гашт сармашқи парешонӣ маро.
Сурати нақшам наёяд дар қалам аз лоғарӣ,
Шарм медорад, кашад гар хомаи Монӣ маро!
Аз камоли эътиборотам чӣ менурсӣ дигар?!
Нест чун мардумгиё ҷуз номи инсонӣ маро!
Рафт айёми шабобу фурсати пирӣ расид,
То куҷо бошад кунун аҳди ғазалхонь маро?!
Аз ду олам обрӯ ин муддаъо бошад фузун:
Бар сари хони ғамаш як лаҳза меҳмонӣ маро!
Сели ашкам шуд фузун аз мавҷи тӯфони ҳаё,
Мебарад ҳар дам зи худ оҳи пушаймонӣ маро.
Мотами ҳиҷрони он шаҳ руҳ ба мотам медиҳад,
Ин бувад дар чеҳраи ғам гар фарасронӣ маро!
Гар щамин бошад сулуки шеваи ҳиҷрони ӯ,
Ғайри мурдан нест дигар мушкилосонӣ маро!
Бенасиби роҳтам аз ҷоми тақсими азал,
Маркази паргори ғам шуд хатти пешонӣ маро!
Ошиқонро пераҳан чун гул бувад нангу вафо,
Ҳамчу сарвам, кисвати тан гашт урёнӣ маро!
Эй, ки наздикӣ ба чашмам мардумосо, чун ғубор,
Аз барам ҳаргиз нагардӣ дур, агар донӣ маро!
Эй хушо, Туғрал, аз ин як мисраъи шоҳи сухан:
«Доми як олам таалуқ гашт ҳайронӣ маро!».
Дида шуд: 284