Ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ 90

Муаллиф: Абдураҳмони Ҷомӣ

Биё, эй шӯҳра, дар ишқат ба шаҳри ҳусн машҳурон,

Ки ҳам манзури шоҳон бинамат ҳам шоҳи манзурон.

Хуморолудам аз чашмат, лаби холе зи хат бинмо

Ки бошад бодаи софӣ илоҷи ранҷи махмурон.

Чӣ истиғност ин, ё раб, ки не парвои наздикон,

Ҳамебинам туро, эй нозанин, не раҳм бар дурон.

Сулаймонвор меронӣ, чи ғам дорӣ агар ногаҳ,

Зи наъли бодпоят рахна афтад дар сафи мӯрон.

Табиби ранҷи ишқӣ, сӯи ҳар дасте мабар дастат,

Мабодо ранҷа гардад з-изтироби набзи ранҷурон.

Гузар бо сокинони савма бо ин лаби майгун,

Ки то афтад дар май он ба зӯҳду ту ба мағрурон.

Ба маҳҷури зи васлат гарчи умре канд ҷон Ҷомӣ,

Надида ҳаргиз аз ту раҳмате бар ҳоли маҳҷурон.

Дида шуд: 231