Нигоро, шабе ҳамнишин бош бо ман,
Чу бахти мусоид қарин бош бо ман.
Зи рифъат маҳи осмонӣ, замоне,
Нишаста ба рӯи замин бош бо ман.
Зи андӯҳи ҳиҷрон ҳазинест ҷонон,
Фараҳбахши ҷони ҳазин бош бо ман.
Туӣ, ҳар чӣ ҳастӣ, киям ман, чиям ман,
Ки гӯям чунон, ё чунин бош бо ман.
Русуми мусулмонӣ аз ту нахоҳам,
Зи кофарнажодон чунин бош бо ман.
Ниҳода ба фарқи ҳама дасти роҳат,
Гирифта ба каф теғи кин бош бо ман.
Ба бегонагон чин кушода зи абрӯ
Фиганда гиреҳ бар ҷабин бош бо ман.
Хуш он шаб, ки кардӣ хитобам, ки Ҷомӣ
На дар банди дунёву дин бош бо ман.
Ба ҳар кор созам, ба ҳар ҳукм ронанд.
Яке бандаи камтарин бош бо ман.
Дида шуд: 261