Худоё, ба он сарви нозам расон,
Ба он дилбару дилнавозам расон.
Сарамро бувад манзил он остон,
Ба сарманзили хеш бозам расон.
Парешонам аз ҳаҷр ҳамрози хеш,
Ба ҷамъияти ободи розам расон.
Бувад рӯи ӯ қиблаи ҳар ниёз,
Ба он қиблаи ҳар ниёзам расон.
Саре дорам аз баҳри хидмат ба дӯш,
Ба пои яке сарфарозам расон.
Раҳи васли ҷонон дароз асту дур,
Ба он роҳи дуру дарозам расон.
Чу Ҷомӣ зи бечорагӣ сӯхтам,
Ба дидори он чорасозам расон.
Дида шуд: 250