Эй танат симу бару соиду бозу ҳама сим,
Чун зар аз муфлисӣ аз сими туам дил ба ду ним.
Дуздӣ аз манн тани худ чун гузарам паҳлӯят,
Манн чунин муфлису аз ман ту ҳамедуздӣ сим.
Ҳаст бесоиди симини туам бими ҳалок,
Даст деҳ, то ки бурун оям аз ин вартаи бим.
Бо саги кӯи туам ҳаст қадимӣ аҳде,
Ҳошаллилаҳ, ки фаромӯш кунам аҳди қадим.
Чашми наргис шавад аз хосияти он бино,
Бӯи пироҳани худ гар диҳӣ, эй гул, ба насим.
Ту ба шаҳри худу з-овозаи ҳуснат шудаанд,
Халқ овора зи ҳар шаҳру ба шаҳри ту муқим.
Ҷони Ҷомӣ ба лабат майли табиӣ дорад,
Ба шакарханда даро, то кунад онро таслим.
Дида шуд: 230