Ба сарат тоҷи арӯсӣ шаби тӯй,
Пеши пою қадамат гул мерехт.
Қул-қули шишаи май бар гӯшат
Гӯиё чаҳ-чаҳи булбул мерехт.
Байни ҳавлӣ чу шарори дили ту
Шоха андохта, машъал месӯхт.
Арғувонпӯш қади шамшодат
Давра ороставу дил месӯхт.
Чарх мегашт замин чун сари ман,
Чархгардон ҳама мерақсиданд,
Ҳама буданд ба ту бахтталаб,
Ҳама чун бахти ту механдиданд.
Ҳама аз баҳри туву иқболат
Ҷоми саршор ба лаб мебурданд,
Лек ширину гуворо гӯӣ
Талхии умри маро мехурданд.
Аз ту мемонд фақат сояю бас,
Ном мемонд зи афсонаи ман.
Чашми ман аз шарафи дидорат
Холӣ мегашт чу паймонаи ман.
Ман дар он базм чӣ будам, ҳайфо,
Соғаре, ки маи он паймуда,
Соғаре, ки маи он рехтааст,
На ба ҷоме, ба замин беҳуда.
Ту куҷо рафтӣ, куҷо мондам ман?
Зиндагӣ рафт ба роҳи дигаре.
Ҷойгардон шудӣ чун нахли ҷавон
Аз дили ман ба дили гармтаре.
Ба сарат тоҷи арӯсӣ шаби тӯй,
Пеши пою қадамат гул мерехт.
Қул-қули шишаи май бар гӯшат
Гӯиё чаҳ-чаҳи булбул мерехт.
26.6.1966
* * *
Ҳар чӣ арзон бошад, онро дар масал
«Мисли хок арзон» бигӯянд одамон.
Хок бисёр аз тамоми ганҷҳо,
Ганҷҳое, ки дар ӯ бошад ниҳон.
Чун намегунҷид андар махзане,
Хокро чун ганҷҳо нархе набуд.
Баски ҳамсангаш набуд тиллою зар,
Нархаш аз «арзонӣ» қиматтар нашуд...
Ҳар чӣ арзон бошад, онро дар масал
«Мисли хок арзон» бигӯянд одамон.
Хок арзон, лек нафрӯшад варо
Ҳеҷ инсон дар баҳои умри ҷон.
27.6.1966
* * *
Муҳаббат чист? – мепурсидӣ аз ман,
Шаби бемоҳ буду беситора.
Садоят буд ларзону шикаста,
Нигоҳат – шӯълаи алмоспора.
Ту мегуфтӣ муҳаббат макру фанд аст,
Дурӯғи бофурӯғу ҳарфи пурроз,
Ту мегуфтӣ, ки мардон бевафоянд,
Ҷавонон ҳуснбозанду назарбоз...
Ман аз ту дур рафтам, шояд акнун
Бигӯӣ худ ба худ: ин ҳам чунон аст.
Кабӯтар доштам ман, пар баровард,
Даме бо ман, даме бо дигарон аст.
Ба дастат шохаи гул, сайр созӣ
Шаби маҳтоб он гулроҳаҳоро.
Қадат дар роҳ гулмаҳтоб гардад,
Вале бе сояи ман нақши танҳо.
Ту донӣ модарони мо сияҳпӯш,
Худоӣ дода бар сарбози мурда,
Варо боз интизорӣ мекашиданд,
Ба тақдиру қазо тан носупурда.
Ту донӣ, ки адӯ чун тир мекошт
Ба хоки зарфишони кишвари мо,
Зи чашма об дода, кишт мекард
Ба саҳроҳои бекас модари мо.
Наёмад мурдае аз сангари марг,
Зи хандақҳо, зи саҳни корзорон.
Валекин то ҳанӯз дунё ба уммед
Ба сӯи роҳ чашми интизорон...
Муҳаббат нест ҳаргиз мисли дарё,
К-аз он ҳар кас тавонад об гирад.
Яке бо каф зи соҳил об нӯшад,
Яке дар байни дарё ташна мирад.
Муҳаббат чист? – мепурсидӣ аз ман,
Шаби бемоҳ буду беситора.
Ва ё акнун баромад ахтари бахт,
Ва ё акнун шабат маҳтоб дора(д)?
7.7.1966
Дида шуд: 200