Қасидаи "Шикоят аз пирӣ"

Муаллиф: Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакӣ

. . . Маро бисуду фурӯ рехт ҳар чӣ дандон буд, 
Набуд дандон, ло - бал чароғи тобон буд.
Сапеду симзада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд. 
Яке намонд кунун з - он, ҳама бисуду бирехт,
Чӣ наҳс буд? - Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд. 
На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чӣ буд ман - т бигӯям, қазои яздон буд.
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,
Ҳамеша то буд, ойин - ш гирдгардон буд.
Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷои дард шавад 
Ва боз дард ҳамон, к - аз нахуст дармон буд.
Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд 
Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд. 
Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд
Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.
Ҳаме чӣ донӣ, эй моҳрӯи мушкинмӯй,
Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд?
Ба зулфи чавгон нозаш ҳамекунӣ ту бад - ӯ,
Надидӣ он гаҳ ӯро, ки зулфчавгон буд.
Шуд он замона, ки рӯяш ба сони дебо буд,
Шуд он замона, ки мӯяш ба сони қатрон буд.
Чунон, ки хубии меҳмону дӯст буд азиз, 
Бишуд ки боз наёмад, азизмеҳмон буд. 
Басо нигор, ки ҳайрон будӣ бад - ӯ бар чашм,
Ба рӯи ӯ дари чашмам ҳамеша ҳайрон буд.
Шуд он замона, ки ӯ шод буду хуррам буд, 
Нишоти ӯ ба фузун буду бими нуқсон буд. 
Ҳамехариду ҳамесохт бешумор дирам, 
Ба шаҳр ҳар кӣ яке турки норпистон буд.
Басо канизаки некӯ, ки майл дошт бад - ӯ, 
Ба шаб зи ёрии ӯ назди ҷумла пинҳон буд, 
Ба рӯз чунки наёрист шуд ба дидани ӯ,
Ниҳеби хоҷаи ӯ буду бими зиндон буд.
Набиди равшану дидори хубу рӯи латиф,
Агар гарон буд, зӣ ман ҳамеша арзон буд.
Дилам хазинаи пурганҷ буду ганҷ сухан, 
Нишони номаи мо мӯҳру шеър унвон буд. 
Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад,
Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд.
Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър, 
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд. 
Ҳамеша чашмам зӣ зулфакони чобук буд,
Ҳамеша гӯшам зӣ мардуми сухандон буд.
Аёл на, зану фарзанд на, маунат на, 
Аз ин ситам ҳама осуда буду осон буд.
Ту Рӯдакиро, эй моҳрӯ, ҳамебинӣ, 
Бад - он замона надидӣ, ки инчунин он буд.
Бад - он замона надидӣ, ки дар ҷаҳон рафтӣ
Сурудгӯён, гӯӣ ҳазордастон буд.
Шуд он замона, ки ӯ унси родмардон буд,
Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд. 
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон аст,
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон буд 
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд. 
Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон, 
Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳамён буд. 
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ, 
Варо бузургию неъмат зи оли Сомон буд.
Бидод мири Хуросон - ш чил ҳазор дирам, 
Дар ӯ фузунии як панҷ мири Мокон буд. 
Зи авлиёи пароканда низ ҳашт ҳазор, 
Ба ман расид, бад - он вақт ҳоли хуб он буд.
Чу мир дид сухан, дод доди мардии хеш, 
Зи авлиёш чунон, к - аз амир фармон буд. 
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам, 
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд.

Дида шуд: 41

2020 SHOIR.TJ