ДУ БУЗИЧА

Буд набуд, ду бузича, ду бузичаи ширмасти шӯхаку ҷингилапо буд. Ду бузича дар ду канори ҷӯй шодӣ кардаю бозӣ карда, чарида мегаштанд. - Эй ҷӯра, ба ин тараф гузар, ҳамроҳ бозӣ кунем! - гуфт як бузича.

- Не, ту худат ба ин тараф гузар! - гуфт бузичаи дигар.

- Хайр, ман ба пеши ту мегузарам, - гуфт бузичаи аввала.

- Не, ман ба пепш ту мегузарам! - гуфт бузичаи дуюм.

Ҳамин хел гуфта, ду бузича дар як вақт ба кӯпрук баромаданд, Дар худи миёнаҷои кӯпрук cap ба cap шуданд. Кӯпрук борик буд. Онҳо аз паҳлӯи якдигар гузашта наметавонистанд.

- Ту ақиб гард, ман аввал мегузарам! - гуфт як бузича.

- Не ту ақиб гард, аввал, ман мегузарам? - гуфт бузичаи дигар.

Ҳеҷ кадомаш намехост ақиб равад.

- Ба гапи ман надароӣ, рӯзатро нишон медиҳам! - гуфт як бузича.

- Канӣ зӯр бошӣ як нишон дода бин! - гуфт бузичаи дигар.

Бузичаҳо ҳар ду дар қаҳр шуда, ба ду пои пушташон нимхез шуданду калла ба калла заданд. Калла ба калла заданду ҳар ду якбора ба ҷӯй ғалтида рафтанд.

Ҷӯй чукур буду обаш тез. Оби тез ду бузичаи ширмасти шӯху ҷингилапоро гирифта бурд.

Аз афсонаҳои халқи тоҷик

Дида шуд: 5

2020 SHOIR.TJ