ФАРҲОДУ ШИРИН

Як замоне дар яке аз дараҳои хушобу ҳаво ва зеботабиати қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар наздикиҳои деҳаи Қаротоғ Ширин ном духтаре зиндагонӣ мекардааст. Ширин монанди гул нозуку дилрабо будааст, чеҳраи ҳамчун хуршеди ҷаҳонтоб дурахшон, чашмони шаҳлои сеҳрангез, зулфони ҷингилаи сиёҳи мушкин, қаду қомати зебо доштааст.

Ширин бо падару модари солхӯрдаи худ дар қалъаи бошукӯҳи мустаҳкаме истикомат мекардааст, ки дар нишебии кӯҳ воқеъ шуда, деворҳояш баланди сангин ва дарвозааш аз пӯлод будааст.

Ширин ҳар пагоҳ аз қалъа баромада, манзараи зебои канори даре, деҳаи сабзу хуррами Қаротоғ, боғҳои сермеваи атрофи онро бо камоли шавқ тамошо мекардааст. Ӯро махсусан дарёи шӯхобе, ки аз байни куҳҳои дурдасти Ҳисор cap зада, обҳои бисёр чашмаҳои зулолро ба худ гирифта, ба киштзорҳои водии зархези Ҳисор мешитобад, шоду мафтун менамудааст.

Ширин бисёр вақт ба лаби дарё омада, аз ҳавои тозаи атрофи он нафас гирифта, дуру дароз ба ҷасту хези пурмавҷи дарё чашм дӯхта, ба суруди хомӯшнашавандаи он гӯш меандохтааст.

Рафта-рафта овозаи ҳусни беҳамтои Ширин оламро фаро гирифтааст. Аз ҳар тараф хостгорҳои номдор: шоҳону шоҳзодагон, вазирону вазирзодагон омадан гирифтаанд.

Аммо Ширин таклифи ҳамаи онҳоро рад мекардааст. Як рӯз падару модараш маслиҳат кардаанду модараш ба Ширин гуфтааст:

- Духтари азизам, ин хостгорҳо маро ҳам безор кардаанд, ту ҳоло хурд нестӣ, шукр, ки ба синни арӯсӣ расидаӣ. Мо ҳам ба умед фарзанд калон кардем, вақте расидааст, ки тӯю сури туро кунему хотирҷамъ шавем.

Ин гапро шунида, Ширин ба фикру хаёли чуқур ғарк шудааст ва баъди чанд вақт cap бардошта гуфтааст:

- Модарҷон, маро касе ба занӣ мегирад, ки дар давоми як шаб, фақат бо қувваи бозувони худ аз дарё ба қалъаамон об барорад. Танҳо ҳамин хел як паҳлавони меҳнатдӯст замини ташналаби атрофи қалъаи моро обод карда, маро хушбахт карда метавонад.

Падару модараш ин шарти духтарашонро ба хостгорҳо расонидаанд.

Хостгорҳо даст аз домани Ширин кашида, пароканда шуда рафтаанд.

Дар ҳамон наздикиҳо дар яке аз деҳаҳои кӯхӣ Фарҳод ном чӯпонписар зиндагӣ мекардааст. Фарҳод боре Ширинро дида, асири ишқи ӯ шуда будааст.

Вале ӯ ба Ширин майл доштани шоҳу шоҳзодагон ва вазиру вазирзодагонро фаҳмида, «Ширин, ин хел одамони номдорро монда, ба ман илтифот мекунад-мӣ?» - мегуфтаасту фақат муҳаббати ӯро дар дили софи худ парварида мегаштааст.

Фарҳод аз шарти Ширин огоҳ шуда, ҳамон замон каланду метини бузурги худро гирифта, ба иҷрои ин шарти душвор миён бастааст.

Қасди Фарҳодро ба гӯши яке аз хостгорҳои Ширин - шоҳзодаи маккору ҳосид Хисрав расонидаанд. Хисрав дар оташи ҷонгудози рашку ҳасад сӯхта, ба сӯи Қаратоғ шитофтааст ва ба иҷрои шарти Ширин ҳаракат кардааст.

Фарҳод, аз ҷое ки баландии дарё бо баландии калъа баробар мешуд, ба кор шурӯъ мекунад.

Хисрав аз ӯ хеле поёнтар дар наздикиҳои қалъа ҷӯй меканад.

Фарҳод шерона кор карда, дар як муддати кӯтоҳ ҷӯи дарозе мекобад ва кӯҳро шикоф карда, ҷӯйро аз кӯҳ гузаронида, ба қалъаи Ширин наздик шудан мегирад.

Аммо шоҳзода Хисрав, ки дар ҳаёти худ, ғайр аз ханҷари тез чизи дигарро ба даст нагирифта будааст, каме ҷойро канда, хаставу бемадор мешаваду алак-палак ба тарафи Фарҳод нигоҳ кардан мегирад. Мебинад, ки кори Фарҳод барор гирифта, ба қалъа наздик шуда истодааст ва ана-мана накарда, аз дидори ширини Ширин шакарком мешавад.

Хисрав маъюсу ноумед шуда, аз кор даст мекашад. Вале истода-истода оташи рашку ҳасад дар синаи ӯ боз ҳам баландтар забона задан мегирад. Вай дар ғазаб шуда, қарор медиҳад, ки Фарҳодро ҳам аз висоли ҷонбахши Ширин маҳрум кунад.

Хисрави маккор роҳи фиребро пеш гирифта, якчанд банд бӯрё меоваронад ва аз ҷои ба ҷӯйканӣ cap кардааш то наздикихои қалъаи Ширин дароз паҳн мекунад. Баъд аз ин як ошнои деринааш - кампири золро ҷеғ зада мефармояд, ки рафта ба Ширину Фарҳод хабар диҳад, ки Хисрав кандани ҷӯйро тамом карда истодааст.

Кампир асо ба даст гирифта, шоду хандон ба пеши Ширин омада мегӯяд:

- Духтари азизам, шоҳзодаи номдор Хисрав шарти туро иҷро карда истодааст. Ана баромада бин!

Маҳтобшаб будааст, бӯрёҳои дарозу каҷу килеб чидашуда, нури моҳи пурраро акс карда, чун ҷӯи милдир-милдир ҷоришаванда тобиш медодаанд.

Ширин аз девори қалъа нигоҳ карда мебинад, ки дар ҳақиқат ҷӯи равон ба манзили ӯ наздик шуда истодааст. Хурсанд шуда рӯи пуроҷинги кампирро бӯса мекунаду мегуяд:

- Эй модари хушхабар, рав, ба шоҳзода Хисрав гӯй, ки агар то сахар об ба калъа расад, ман аз они ӯ мешавам.

Кампир маккорона табассум карда, аз қалъа мебарояд ва ларзону асозанон ба пеши Фарҳод омада:

- Ту ҷони беҳуда меканӣ, эй Фарҳод! - мегуяд ӯ. - Лаби Ширии ба коми Хисрав шуд.

- Чӣ? - мепурсад Фарҳод сари ба обу арақ ғӯтидаи худро боло карда.- Ту чӣ гуфта истодаӣ?

- Лаби Ширин ба коми Хисрав шуд, мегӯям, - ҷавоб медиҳад кампир, - ана нигоҳ кун, - кампир ба сӯи бӯрёҳо ишора мекунад.

Фарҳод боизтироб нигоҳ карда, тобиши ҷӯи ба қалъа наздик шудаистодаро мебинад.

- Чӣ, магар Хисрав аллакай об баровард? - мепурсад Фарҳод.

- Бале, баровард! - ҷавоб медиҳад кампири маккора.

Фарҳоди паҳлавон чун шер ғуррида ва чун бед аз шамоли самум ларзида:

- Не, бе висоли Ширин зиндагӣ барои ман заҳр аст! - гӯён бо тамоми қувват метини нӯгтезашро ба пешонааш мезанад ва ҳамон замон ғарқи хун шуда, ба замин меафтад.

Ҳамин вақт маҳтоб дар қафои қӯҳи Қаротоғ мефарояду бӯрёҳои Хисрав дигар ҷило намедиҳанд ва дар баробари ин, офтоби бахту ҳаёти Фарҳоди паҳлавон дар паси абри тираи рашку ҳасад ғайб мезанад.

Ширин пагоҳии барвақт аз хоб бедор шуда, ба умеди дидани ҷӯй равони Хисрав хурсандона аз қалъа берун мешавад. Вале баромада, аз ҷӯй осоре намебинад. Дар ҳайрат афтода, он тарафтар меравад, ки чӯпонписар Фарҳод дар лаби чӯй бори бо дастони тавоно кандааш ба хун оғушта шуда хобидааст.

Ҳамин дам фиреби бадкирдоронаи Хисрав ба Ширини нозанин равшан мешавад ва ӯ бо таассуфи зиёд ба сари мурдаи Фарҳоди далер нишаста, зор-зор гиря мекунаду мегӯяд, ки «ба Хисрави фиребгар лаънатҳо хонда, кирдори ӯро ба тамоми халқ эълон кунанд».

Баъд аз ин ҳеҷ кас ба дидори Ширини вафодор расида наметавонад, танҳо муҳаббати Фарҳоди номурод хонаи дили ӯро умрбод манзил мекунад.

Аз афсонаҳои халқи тоҷик

Дида шуд: 3

2020 SHOIR.TJ